Сабабгори садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе донишҷӯ будааст

Ронандаи Toyota Camry барои бархӯрдану чаппа кардани мошини Ёрии таъҷилӣ ҷазои маъмурӣ гирифтааст. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур бо айби ронандаи автомашинаи Toyota Camry, рақами қайди давлатиаш 1011 ВВ 01 таҳти идораи Шаҳриёр Рустамов, донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст. Ӯ бо суръати баланд чорроҳаро дар ранги сурхи чароғак убур карда, ба мошини […]

Ронандаи Toyota Camry барои бархӯрдану чаппа кардани мошини Ёрии таъҷилӣ ҷазои маъмурӣ гирифтааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур бо айби ронандаи автомашинаи Toyota Camry, рақами қайди давлатиаш 1011 ВВ 01 таҳти идораи Шаҳриёр Рустамов, донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст. Ӯ бо суръати баланд чорроҳаро дар ранги сурхи чароғак убур карда, ба мошини Ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст ва онро чаппа кардааст.

Дар мошини Ёрии таъҷилӣ ронанда ва 3 духтур зимни фаъол будани воситаи махсус (мигалка) ҳаракат доштанд. Бар асари ин тасодуф талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳар ду воситаи нақлиёт зарари техникӣ дидаанд.

Нисбат ба ронанда Шаҳриёр Рустамов барои вайрон кардани талаботи банди 130 ва 61 қисми 5-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шудааст. Инчунин тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон таъмири мошини Ёрии таъҷилӣ ба зиммаи гумонбари асосии ҳодиса вогузор шуда, таҳқиқ дар ин самт идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ин садама рӯзи 1-уми декабр дар назди боғи Алишери Навоӣ рух дода буд.

Муовини сардухтури Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе Раҳимҷон Раҳимов ин ҳодисаро ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ дода буд: “Кормандони мо ба даъвати таъҷилӣ шитоб доштанд, лекин дар роҳ дучори садама шуданд. Мо дарҳол ба ҷойи ин ҳодиса ва даъвате, ки онҳо мерафтанд, ду автомашинаи дигари Ёрии таъҷилӣ фиристодем”.

Ба гуфтаи ӯ, ронандагон бояд донанд, ки “вақте мошини Ёрии таъҷилӣ бо чароғаки фурӯзонаш ва бонги даъвати фаврӣ равон аст, ҳаёти касеро наҷот медиҳад”.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ба мошинҳои Ёрии таъҷилӣ, сӯхторнишонӣ ва як қатор воситаҳои нақлиёти дигар ҳангоми ҳаракат дар роҳ бартарӣ дода шуда, ронандагон уҳдадоранд, роҳ кушода, монеъи ҳаракати онҳо нашаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.