Раиси КМИР ҳайати баҳодиҳии ДИДҲБ/САҲА-ро ба ҳузур пазируфт

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ имрӯз, 10-уми декабр ҳайати баҳодиҳии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА)-ро ба ҳузур пазируфт. Тавре маркази матбуоти КМИР Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкорӣ дар маъракаҳои интихоботӣ, тағйироту иловаҳои […]

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ имрӯз, 10-уми декабр ҳайати баҳодиҳии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА)-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре маркази матбуоти КМИР Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкорӣ дар маъракаҳои интихоботӣ, тағйироту иловаҳои ба қонунгузории интихобот воридшуда, ҳамчунин ҳамкории дуҷониба табодули назар карданд.

Бахтиёр Худоёрзода ба намояндагони ДИДҲБ/САҲА дар бораи чорабиниҳои омодагии пеш аз интихобот, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ гузаронида мешаванд, маълумот дод.

Таъкид шуд, ки дар ин давра Комиссия дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор давраҳои омӯзишӣ оид ба омодасозии коршиносони масоили интихобот баргузор карда, бо иштироки онҳо барои аҳолии кишвар семинарҳо гузаронидааст.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки дар рафти семинарҳо талаботи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҷараёни омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зикр шуд, ки ин чорабиниҳо дар ду марҳила аз моҳи май то декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир гардиданд.

Комиссия ҳамчунин як қатор дастурҳо ва маҷмӯи тартиботро таҳия кардааст. Раиси КМИР таъкид дошт, ки дар давраи омодагии пеш аз интихобот сомонаи расмии Комиссия такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳо, нақшаи тақвимӣ, маълумоти расмӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдори ин ниҳод ҷойгир шуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили иштироки нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла, аз ДИДҲБ/САҲА дар интихоботи қарибулвуқӯъ бо мақсади кушодагиву шаффофияти он, ҳамчунин густариши ҳамкориҳо бар асоси санадҳои байнулмилалии марбут ба интихобот, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудааст, табодули назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.