Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад! АНОНС – Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 127 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии адабии “Фурӯғи субҳи доноӣ” баргузор мешавад. – Дар мусобиқаи байнулмилалии «CFA Team China W.O Cup […]

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 127 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии адабии “Фурӯғи субҳи доноӣ” баргузор мешавад.

– Дар мусобиқаи байнулмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» дар Чжухай (Чин) мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-22) бо дастаи Мали бозӣ мекунад. Оғози вохӯрӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе.    

– Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21-уми декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6920 сомонӣ;

1 евро – 10.7436 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1520 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 – Тоҷикистон ба узвияти Бонки авруосиёии рушд (БАОР) пазируфта шуд. Дар гузориши таҳлилии чанде қабл нашршудаи бонк сустшавии ҷараёни афзоиши ММД Тоҷикистон дар шароити камшавии сармоягузорӣ ба бахши энергетика дар соли 2020 пешгӯӣ шуд. Дар бораи пешгӯии бонк бо ин суроға маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

1952 – Зодрӯзи коргардон, корманди телевизиони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Ҳалим Сангинов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи байнулмилалии кӯҳҳо ҷашн гирифта мешавад, ки бо қарори Маҷмаи Умумии 57-уми СММ моҳи январи соли 2003 муқаррар шуд.

Қобили зикр аст, ки 93%-и масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил дода, қариб 6%-и қаламрави ҷумҳурӣ (9000 км²) бо пиряхҳо пӯшонида шудааст.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ бошиддат борида, (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8 ° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 гарм, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 4-9° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25° хунук, рӯзона 4-9° хунук, (дар мавзеи Булункул 12-14° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳо кӯҳӣ боришот (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.д.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, шабона борони суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6+8° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.