БАОР сустшавии афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯйӣ мекунад

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) сустшавии ҷараёни Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар соли 2020 дар шароити коҳиши андаки сармоягузорӣ ба бахши энергетика барои Тоҷикистон пешгӯйӣ мекунад. Дар гузориши макроиқтисодии БАОР қайд мешавад, ки минбаъд суръати рушди иқтисодӣ ба сатҳи имконпазири аз ҷониби онҳо арзёбишуда то ҳадди ниҳоӣ барои кишварҳои иштирокчии БАТР – 7% хоҳад шуд. Таҳлилгарони бонк […]

Asia-Plus

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) сустшавии ҷараёни Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар соли 2020 дар шароити коҳиши андаки сармоягузорӣ ба бахши энергетика барои Тоҷикистон пешгӯйӣ мекунад.

Дар гузориши макроиқтисодии БАОР қайд мешавад, ки минбаъд суръати рушди иқтисодӣ ба сатҳи имконпазири аз ҷониби онҳо арзёбишуда то ҳадди ниҳоӣ барои кишварҳои иштирокчии БАТР – 7% хоҳад шуд.

Таҳлилгарони бонк зикр мекунанд, ки нимсолаи аввали соли 2019 зери таъсири тақвияти фаъолнокии истеъмолии хонаводаҳо ва афзоиши истеҳсолот дар саноати истихроҷу бахши кишоварзӣ рушди иқтисод суръат гирифт.

Сатҳи таваррум бо таъсири болоравии нарх ба маҳсулоти ғизоӣ суръат гирифта, лекин дар ҳудуди фосилаи ҳадафноки амалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон (7+/-2%) боқӣ мемонад.

Мувофиқи арзёбии БАОР, омили сусти берунии таваррум боиси мешавад, ки афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар кишвар нимсолаи дуюми соли 2019 суст шуда, соли 2020 дар ҳудуди фосилаи ҳадафнок (6+/-2%) нигоҳ дошта шавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2019 меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) кам шуд.

Тибқи арзёбии БМТ, таваррум дар ҳудуди долони ҳадафнок боқӣ монда, суръат гирифтани он ба омилҳои кӯтоҳмуҳлат вобаста аст. Мутобиқи пешгӯйии заминавии БАТР, суст шудани таваррум ба Бонки миллӣ ҷиҳати идомаи коҳиши меъёр минбаъд дар солҳои 2020-2021 имкон медиҳад.

Тӯли 6 моҳи соли 2019 нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ бо касри 0,2% нисбати ММД пас аз барзиёдии 3% нисбати ММД як сол пеш иҷро шуд.

Ба ақидаи таҳлилгарон, ин хусусияти муваққатӣ дорад, аз ҷумла, бо назардошти коҳиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои сохтмон ва энергетика, ки аз ҷониби ҳукуматдорон ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.