Ҳаракати микроавтобусҳои №13 дар Душанбе манъ шуд

Шаҳрдории Душанбе аз 26-уми ноябр ҳаракати микроавтобус (маршрутка)-и №13, ки аз мактаби таҳсилоти умумии №61 то бозори “Балх” равуо мекунад, манъ месозад. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, бо ин хатсайр акнун танҳо автобусҳои №11-и тамғаи «AKIA» ҳаракат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ва […]

Шаҳрдории Душанбе аз 26-уми ноябр ҳаракати микроавтобус (маршрутка)-и №13, ки аз мактаби таҳсилоти умумии №61 то бозори “Балх” равуо мекунад, манъ месозад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, бо ин хатсайр акнун танҳо автобусҳои №11-и тамғаи «AKIA» ҳаракат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ва кам кардани шумори нақлиёт дар ин самт қабул карда шудааст.

Мебояд гуфт, нахуст ҳукуматдорони пойтахт ҳаракати маршруткаҳоро дар хиёбони марказии Рӯдакӣ манъ карданд. Сипас дар дигар кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла, кӯчаи Неъмат Қарабоев низ ба ҳаракати микроавтобусҳо роҳ дода нашуда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Тибқи маълумоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.