Сафир: Интихоботи парлумонӣ таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” мегузарад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бори нахуст дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол рӯзи 22-юми декабр интихоботи парлумонӣ тибқи меъёрҳои Кодекси интихоботии кишвар мегузаранд, ки соли гузашта қабул шуд.

Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов имрӯз дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки пештар интихобот дар ин кишвар дар доираи 21 қонун доир мегардид. “Интихоботи кунунӣ ба парлумон таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” мегузарад”, – гуфт сафир.

Дипломат таъкид дошт, ки дар муқоиса бо интихоботи парлумонии соли 2014 интихоботи кунунӣ ба парлумон дар шароити шаффоф, иштироки фаъоли раъйдиҳандагон, тақвияти назорати ҷамъиятӣ аз болои амали ҳукумат ва тавсеъаи ваколатҳои аҳзоби сиёсӣ баргузор мешавад.

“Дар интихобот ба парлумони нави Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи давлатдории мо шаҳрвандоне ҳам овоз дода метавонанд, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд. Танҳо шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазо гирифтаанд, чунин ҳуқуқ надоранд”, – қайд кард сафир.

Шоисматов таъкид дошт, ки дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон 750 нафар намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ барои 150 курсии вакилӣ рақобат мекунанд.

“Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки муваққатан дар қаламрави Тоҷикистон иқомат доранд, рӯзи 22-юми декабр дар қитъаи интихоботии намояндагии дипломатии мо дар Душанбе дар интихобот иштирок карда метавонанд. Ба ғайр аз ин, дар Суғду Бохтар ва Қубодиёну Турсунзода шаҳрвандони кишвари мо пеш аз муҳлат овоз дода метавонанд”, – шарҳ дод сафир.

Эргаш Шоисматов ба ҳукумати Тоҷикистон барои мусоидат ба ташкили интихоботи парлумонии кишвараш дар қаламрави ҷумҳуриамон изҳори миннатдорӣ кард.

Тибқи маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, айни замон дар қаламрави ҷумҳуриамон ҳудуди 3 ҳазор нафар шаҳрвандони ҳамсоякишвар зиндагӣ доранд. Аз ин шумор тақрибан 2 ҳазор нафарашон донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...