Сохтмони шаҳраки истиқоматии чиниҳо дар кӯҳҳои Тоҷикистон

Ширкати TBEA-и Чин дар мавзеи кӯҳистони ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои кормандонаш, ки ба коркарди конҳои тилло машғуланд,  шаҳраки истиқоматӣ сохт. Ширкати мазкур ба ивази бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе бо арзиши 350 млн. доллар ба коркарди ду кони тилло – “Дуоба” ва "Кумарғи Боло” ҳуқуқ пайдо кард. Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои […]

Ширкати TBEA-и Чин дар мавзеи кӯҳистони ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои кормандонаш, ки ба коркарди конҳои тилло машғуланд,  шаҳраки истиқоматӣ сохт.

Ширкати мазкур ба ивази бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе бо арзиши 350 млн. доллар ба коркарди ду кони тилло – “Дуоба” ва "Кумарғи Боло” ҳуқуқ пайдо кард.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, конҳои номбурда дар баландии 1800-4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар он ҷо айни замон беш аз 400 нафар кормандони ширкат ба сохтмони фабрикаи бойгардонӣ ва корҳои иктишофи геологӣ машғуланд, ки қариб нисфи онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Айни замон ширкат корҳои сохтмониро дар майдони ишқорронӣ бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна маъдан дар як сол, зеристгоҳ ва хатти интиқоли нерӯи барқ дар масофаи 29 км, роҳи автомобилгард ба масофаи 21 км, шаҳраки истиқоматии коргарон ва озмоишгоҳи санҷиши маъдан ба итмом расонида, иншоот ба истифода дода шудааст.

Ба сохтмони корхонаи ғанисозӣ бо ҳамаи иншооти зербино ТВЕА дар маҷмӯъ 180 млн. доллар маблағ равона карданист.

Корхонаи ғанисозӣ дар марҳилаи якум бо иқтидори коркарди 660 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори холис намудани 2 тонна тиллои сифати 999,9 дар як сол ба фаъолият мепардозад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, захираҳои ҳисобшудаи конҳои “Дуоба” ва “Кумарғи Боло” 64,7 тонна тилло мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.