Мусодираи 46 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дар Душанбе

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе 2 нафар, аз ҷумла, як писари ноболиғро барои даст доштан дар муомилоти маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар терминали “Маром” зимни азназаргузаронии автомашинаи “Мерседес-Спринтер”, ки ба сокини 28-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тааллуқ дорад, 28 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шудааст. […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе 2 нафар, аз ҷумла, як писари ноболиғро барои даст доштан дар муомилоти маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар терминали “Маром” зимни азназаргузаронии автомашинаи “Мерседес-Спринтер”, ки ба сокини 28-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тааллуқ дорад, 28 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, назди боғи “Наврӯзгоҳ” кормандони милитсия писари ноболиғ, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахтро дастгир ва аз ӯ 18 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира карданд.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот ҷараён дорад.

Мувофиқи меъёрҳои моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 11 ҳазор то 25 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавсими “шикор”-и маводи тарфгариро оғоз мекунанд: он аз аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, рӯзҳои ҷашни Соли нав ба авҷи худ мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.