Дилшод Назаров беҳтарин дар варзиши сабук дониста шуд

Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон беҳтаринҳои ин бахши варзишро дар соли 2019 муайян сохт. Зинаи аввалро қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров ишғол кард. Ӯ ба гумони истифодаи маводи манъшуда (допинг) аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар Қатар маҳрум шуд. Дар Тоҷикистон ҳукумат ва мухлисон ӯро дастгирӣ карданд. Дилшод Назаров изҳор дошт, ки агар ин масъала дар IAAF […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон беҳтаринҳои ин бахши варзишро дар соли 2019 муайян сохт. Зинаи аввалро қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров ишғол кард.

Ӯ ба гумони истифодаи маводи манъшуда (допинг) аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар Қатар маҳрум шуд.

Дар Тоҷикистон ҳукумат ва мухлисон ӯро дастгирӣ карданд. Дилшод Назаров изҳор дошт, ки агар ин масъала дар IAAF ва CAS баррасӣ шавад, ба ҳимояи худ омода аст.

Аммо ин ҳолат ба дубора беҳтарин дониста шудани ӯ дар навъи варзиши сабук монеъа эҷод карда натавонист.

Гулсумбӣ Шарифова, ки дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр рекордҳои нави Тоҷикистонро гузошт, дар рӯйхати беҳтаринҳои Федератсияи варзиши сабуки кишвар дар зинаи дуюм ҷойгир аст.

Кристина Пронженко низ дар давидан ба масофаҳои 400 метр ва 400 метр бо монеъаҳо рекордҳои нави миллӣ гузошта, шомили рӯйхати беҳтаринҳои федератсия дар соли 2019 гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.