Муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар Истанбул

Намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 8-9 декабр дар Конфронси сатҳи баланди сармоягузории бахши давлатӣ ва хусусии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти унвони “Вусъат додани имкониятҳои сармоягузорӣ байни давлатҳои аъзои СҲИ: сармоягузорӣ баҳри иттифоқ ва рушд” дар Истанбул иштирок карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ раиси […]

Намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 8-9 декабр дар Конфронси сатҳи баланди сармоягузории бахши давлатӣ ва хусусии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти унвони “Вусъат додани имкониятҳои сармоягузорӣ байни давлатҳои аъзои СҲИ: сармоягузорӣ баҳри иттифоқ ва рушд” дар Истанбул иштирок карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи мазкур Фаррух Ҳамрализода ҳамроҳи сарвари ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” Шералӣ Кабир ва роҳбари ширкатҳои “Тоҷиккристал” ва “Роҳат Тур” Умедҷон Абдураҳмонов намояндагӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар қисмати кушодашавии конфронс Фаррух Ҳамрализода суханронӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Дар Кумита умедворанд, ки иштирок дар ин чорабинӣ ва рӯнамои имкониятҳои сармоягузории кишвар ба барқарор кардани муносибатҳои хуби сармоягузорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ имкон медиҳад.

Дар кори конфронс сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои узви СҲИ, ҳамчунин сармоягузорони бонуфуз, роҳбарони ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ширкат варзиданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, тайи 11 соли охир ба Тоҷикистон муяссар шудааст, ки 3,6 млрд. доллар сармоягузории мустақими хориҷиро ҷалб кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.