Созиши иҷрои низоми оташбас то охири соли 2019 дар ҳамоиши “шакли нормандӣ”

Дар шаҳри Порис рӯзи душанбе ҳамоиши "шакли нормандӣ" мулоқоти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина баргузор шуд. Мавзуи меҳварии вохӯрӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ дар шарқи Украина буд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гуфтугӯи раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина то нимашаб идома ёфта, дар охир нишасти хабарии муштараки онҳо баргузор шуд. Ҷонибҳо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Порис рӯзи душанбе ҳамоиши "шакли нормандӣ" мулоқоти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина баргузор шуд. Мавзуи меҳварии вохӯрӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ дар шарқи Украина буд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гуфтугӯи раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина то нимашаб идома ёфта, дар охир нишасти хабарии муштараки онҳо баргузор шуд. Ҷонибҳо мулоқоти алоҳида низ анҷом доданд. Раҳбарони Русия ва Украина – Владимир Путин ва Владимир Зеленский бори нахуст мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо иҷрои Созишномаи Минск дар бораи ҳалли низои Донбассро баррасӣ карда, ба созиш расиданд, ки иҷрои низоми оташбас бояд то охири соли 2019 таъмин карда шавад.

Иштирокдорони вохӯрӣ ҳамчунин табодули ҳамаи боздоштшудаҳоро то охири соли равон баҳс карданд. Зеленский гуфт, барои ин кор бояд рӯйхати ҳамаи табодулшавандаҳоро тартиб дод.

Раҳбарони 4 кишвар розӣ шуданд, ки шакли баргузории интихоботҳои маҳаллиро дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон чаҳор моҳ баъд дар мулоқоти ояндаи худ баррасӣ мекунанд. "Мо барои ҳалли низоъҳои шадид ирода дорем", – гуфт садри аъзами Олмон Ангела Меркел.

Дар охири нишаст ҷонибҳои эъломияи муштаракеро имзо карданд, ки пойбандияшонро ба созишномаи Минск дар асоси гуфтугӯҳои оянда таъйид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.