Тоҷикистониён аз аввали тобистон шояд имкон пайдо кунанд, ки бе қайди дахлдор ба муҳлати то 30 рӯз дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур дошта бошанд.
Мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, айни замон хориҷиёни ба қаламрави кишвар воридшуда бояд дар муддати се шабонарӯз (ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат) худро ба қайди муваққатӣ гузоранд.
Бино ба маълумоти ВАО, Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли 2020 бекор кардани бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба қаламрави кишвар воридшударо пешниҳод кардааст.
Лоиҳаи фармон рӯзи сешанбе, 10-уми декабр дар портали низоми арзёбии таъсири санадҳои қонунгузорӣ нашр шуд. Дар назар аст, ки пас аз баррасӣ дар ҷомеа (то охири моҳи декабр), он барои имзо ба раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев пешниҳод мешавад.
“Аз 1-уми июли соли 2020 тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба муҳлати реҷаи раводидӣ (бе раводид) бекор карда шавад, вале на зиёдтар аз 30 рӯзи тақвимӣ”, – омадааст дар матни санад.
Дар лоиҳа ба ҶС Uzbekistan Airports (ба ҳайати он ҳамаи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон шомиланд) тавсия дода шудааст, ки дар заминаи шарикии давлату бахши хусусӣ то 1-уми июли соли 2020 дар ҳамаи фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар фурӯшгоҳҳои бебоҷи Duty Free боз кунад.
Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми июни соли 2018 ҷаримаҳои пешбинишударо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои мавҷуд набудани қайд бекор кард. Дар ин масъала акнун ширкатҳои сайёҳии қабулкунанда, маъмурияти меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои муолиҷавӣ, ҳамчунин соҳибони манзилҳо масъуланд.
Сайёҳоне, ки мустақилона ба сафар баромадаанду дар хаймаҳо ё воситаҳои нақлиёти барои шабгузаронӣ дурустшуда зиндагӣ мекунанд, бояд худро ба қайди муваққатӣ гузошта, боҷи сайёҳӣ пардозанд. Дар сурати иҷро нашудани ин талабот, онҳо дар ҳаҷми даҳ баробари маблағи пардохтнашудаи ин боҷ (ҳудуди 50 доллар) ҷарима мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


