“Академияи МегаФон” эҷодиёти рассомони ҷавони Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Date:

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” сокинони пойтахтро ба намоишгоҳи рассомони наврасу ҷавон, ки санаи 15 декабр бахшида ба солгарди студияи “Art Doshan Studio” баргузор мешавад, таклиф менамояд. Даромадан ба намоишгоҳ ройгон аст. 

Зиёда аз 200 корҳои иштирокчиёни арт-лоиҳаҳо, ки аз ҷониби студия дар гӯшаҳои зеботарини Душанбе ва Хуҷанд ташкил гардида буданд, дар “Академияи МегаФон”  – фазои ғайриоддии таълимӣ, корӣ ва фарҳангӣ, ки тирамоҳи соли равон ифтитоҳ ёфта буд, ҷойгир карда мешаванд. Дар “Академия” омӯзиши мутахассисони МегаФон, вохӯрӣ бо мизоҷон, инчунин чорабиниҳои ширкатҳою корхонаҳои дигари ҷумҳурии мо, ки дар мувофиқа бо оператор гузаронида мешаванд, баргузор мегарданд.

Студияи “Art Doshan Studio” “Академияи МегаФон”-ро чун як фазои ҷаззоб ва креативии пурра ҷавобгӯ ба идеяи намоишгоҳи идона арзёбӣ менамояд. “Корҳои муаллифони мо – фарогири рангҳои пуртароват, эҳсосоти барҷаста ва рӯҳи ҷавонӣ мебошанд! Ҳамаи ин ҷиҳатҳои фарқкунандаи майдони МегаФон ба шумор мераванд: ин ҷой хеле гуворост, худи муҳит майли эҷодкорӣ, фаъолнокӣ ва табодули ақидаҳоро бедор менамояд. Барои намоишгоҳи мо пайдо кардани ҷойи беҳтар аз ин мушкил аст!” – мегӯяд роҳбари студия Насиба Каримова.

“Бо ташкили “Академияи МегаФон” мо фикр мекардем, ки он ба макони муоширати доимӣ бо сокинони ҷумҳурӣ табдил меёбад.  Ҳар як чунин вохӯрӣ дар эҳсоси набзи ҳаёт дар Тоҷикистон, фаҳмида гирифтани масъалаҳои ҷолиби диққати мизоҷони амалкунанда ва эҳтимолӣ ва пайдо намудани манфиатҳои умумӣ бо онҳо кӯмак менамояд. Бо оилаҳои худ биёед ва аз дидани чунин расмҳои чашмбару дурахшон ҳаловат баред!” – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

Намоишгоҳ дар “Академияи МегаФон” воқеъ дар суроғаи Бухоро, 34 аз соати 10:00 то 18:00 ҷараён мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...