Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи “Содружество дебютов”

Asia-Plus

Дар шаҳри Брести Беларус, ки соли 2019 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шуд, маросими тақдими Ҷоизаи байнулмилалии “Содружество дебютов” (Иттиҳоди нахустнамоишҳо) доир гардид.

Тавре хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ хабар медиҳад, сарояндаи ҷавон ва писандида аз Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам низ ба дарёфти ин ҷоиза шарафёб гардид.

Ба дарёфти ҷоиза имсол 26 нафар довталабон аз ҳашт кишвар пешбарӣ шуданд. Рӯзи 10-уми декабр ҳайати ҳакамони байнулмилалӣ номи 8 гирандаи ҷоизаро эълон кард. Дар баробари Меҳрнигори Рустам шахсони зерин соҳиби ҷоиза шуданд:

– овозхони опера аз Озарбойҷон Офоқ Аббосова-Будагова;

– скрипканавоз аз Арманистон Диана Адамян;

– раққосаи балет аз Қазоқистон Айгерим Бекетаева;

– овозхони Театри миллии академии опера ва балети Қирғизистон Нурйигит Асанов;

– овозхони Филармонияи миллии Молдова Александра Конунова-Дюморте;

– ҳунарманди Театри давлатии академии опера ва балети Новосибирск Олга Гришенкова;

– устои таълими истеҳсолии графикаи Академияи давлатии санъати Беларус Федор Шурмелев.

Ҷоизаи “Содружество дебютов” соли 2008 аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шуд.

Дар консерти Брест сарояндаҳо ва ҳунармандони маъруфи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, овозхони тоҷик Зафар Абдуалимов ширкат варзиданд.

Ҷоизаи “Содружество дебютов” ҳамасола ба мутахассисони ҷавони синни то 35-сола дар он соҳаи гуманитарӣ супурда мешавад, ки онро муассисон муайян мекунанд. Айни замон ҷоиза аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018, ки дар ИДМ Соли фарҳанг эълон гардида буд, тақдим карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...