Сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба Тоҷикистон 13% афзудааст

Asia-Plus

Портали саёҳии ТурСтат раддабандии кишварҳоро аз лиҳози писандида будан барои сайёҳони русиягӣ дар соли 2019 нашр кард.

Шумори сафарҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз Русия давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 13% – то 92 ҳазор нафар афзудааст.

Тавре дар маълумот зикр мешавад, Тоҷикистон дар феҳристи сафарҳои сайёҳӣ аз Русия зинаи 42-юмро ишғол мекунад.

Пешсафони сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба хориҷа имсол Туркия, Финландия ва Қазоқистон мебошанд.

Бо натиҷагирӣ аз 9 моҳи соли 2019 ба даҳгонаи аввали кишварҳои барои сайёҳӣ писандидаи русиягиҳо ин давлатҳо зикр шудаанд: Туркия (5 млн. 675 ҳазор нафар),  Абхазия (3 млн. 855 ҳазор), Финландия (2 млн. 695 ҳазор), Қазоқистон (2 млн. 471 ҳазор), Украина (1 млн. 857 ҳазор), Чин (1 млн. 712 ҳазор), Эстония (1 млн. 348 ҳазор), Италия (1 млн. 12 ҳазор), Гурҷистон (990 ҳазор) ва Олмон (977 ҳазор).

Гуфта мешавад, соли 2019 шумори умумии сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба хориҷи кишвар 7% – то 35 млн. нафар афзудааст.

Рейтинг аз рӯйи натиҷаҳои таҳлили маълумоти омории сафарҳои сайёҳӣ аз Русия тӯли нуҳ моҳи аввали сол тартиб дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...