Мансабдорони Русия дар Тоҷикистон 559 иншооти ғайриманқул доштаанд

Пойгоҳи эъломияҳо дар бораи даромад ва амволи мансабдорони Русия “Декларатор” харитаи амволи ғайриманқули мансабдорони русро дар хориҷа таҳия кардааст. Дар он беш аз 6 ҳазор иншоот дар 75 кишвар зикр шудааст. “Бо таҳлили маълумоти зиёда аз 270 ҳазор эъломия коршиносони “Декларатор” ба хулосае омаданд, ки амволи ғайриманқул аз ҳама бештар дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ […]

Пойгоҳи эъломияҳо дар бораи даромад ва амволи мансабдорони Русия “Декларатор” харитаи амволи ғайриманқули мансабдорони русро дар хориҷа таҳия кардааст. Дар он беш аз 6 ҳазор иншоот дар 75 кишвар зикр шудааст.

“Бо таҳлили маълумоти зиёда аз 270 ҳазор эъломия коршиносони “Декларатор” ба хулосае омаданд, ки амволи ғайриманқул аз ҳама бештар дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Тоҷикистон ҷойгир шудааст”, – қайд мешавад дар торнамои “Декларатор”.

Гуфта мешавад, ба даҳгонаи аввал ҳамагӣ се кишвари “хориҷи дур” шомил гардидаанд.

Тибқи маълумоти “Декларатор”, пешсафии кишварҳои пасошӯравӣ дар ин самтро низомиён таъмин мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ба хизматчиёни давлатии Тоҷикистон кушодани суратҳисоб дар бонкҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва пасандоз кардани маблағу чизҳои гаронбаҳо дар онҳо манъ аст. Ба ҷуз ин, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба харидории амволи ғайриманқул дар қаламрави кишварҳои дигар ҳуқуқ надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.