Таътили зимистона дар Тоҷикистон 1-уми январ оғоз мешавад

Толибилмони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 1 то 10 январ ба таътили зимистона мебароянд. Дар Вазорати маорифи кишвар таътили зимситона будани ин рӯзҳоро тасдиқ карданд, вале аз посух ба суол дар мавриди чӣ гуна ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои таълимӣ худдорӣ варзиданд. Вазорати маориф соли 2015 ҷашни Соли нав дар муассисаҳои таълимӣ ва гузоштани […]

Толибилмони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз 1 то 10 январ ба таътили зимистона мебароянд.

Дар Вазорати маорифи кишвар таътили зимситона будани ин рӯзҳоро тасдиқ карданд, вале аз посух ба суол дар мавриди чӣ гуна ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои таълимӣ худдорӣ варзиданд.

Вазорати маориф соли 2015 ҷашни Соли нав дар муассисаҳои таълимӣ ва гузоштани арчаи солинавиро дар онҳо манъ кард.

«Буридани  арча ва гузоштани ягон навъи арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, сайру гашт ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст», – қайд шуда буд дар супориши вазири маориф Нуриддин Саид аз 21-уми декабри соли 2015.

Соли гузашта Вазорати маориф изҳор дошт, ки таҷлили ҷашн мушаххасан манъ нашуда, онро “бе исрофкорӣ ва ҷамъоварии маблағ” гузаронидан лозим аст.

“Як ҳафта пеш аз Соли нави мелодӣ чӣ гуна дар муассисаҳои таълимӣ баргузор шудани ин ҷашн маълум мешавад, аз ин рӯ, айни замон дар ин хусус чизе гуфта наметавонем”, – илова карданд дар Вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.