Милисае, ки ба хабарнигори “Азия-Плюс” таҳдид кард, аз кор ронда шуд

Сержанти хурди милитсия Худойдоди Амрохон дар рӯзи ҳодисаи рухдода бо хабарнигори “Азия-Плюс” аз кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ доданд. “Ёрдамчии нозири минтақавии ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Худойдоди Амрохон рӯзи 11-уми декабр аз кор озод карда шуд. Ӯро барои вайрон кардани оинномаи хизматӣ ва […]

Сержанти хурди милитсия Худойдоди Амрохон дар рӯзи ҳодисаи рухдода бо хабарнигори “Азия-Плюс” аз кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“Ёрдамчии нозири минтақавии ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Худойдоди Амрохон рӯзи 11-уми декабр аз кор озод карда шуд. Ӯро барои вайрон кардани оинномаи хизматӣ ва фармони №1-и вазири корҳои дохилии Тоҷикистон «Дар бораи хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон» аз вазифа сабукдӯш карданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ.

Ёдовар мешавем, нисфирӯзии 11-уми декабр кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт хабарнигори “Азия-Плюс” Мусо Бобоҳоҷиевро барои он дастгир карданд, ки ӯ арчаи солинавии назди Театри опера ва балети ба номи С.Айниро акс мебардошт.

Нахуст онҳо талаб карданд, ки аксҳо пок карда шаванд. Сипас яке аз онҳо телефони журналистро гирифта, ӯро барои ҳуқуқвайронкунии мавҷуднабуда ҷарима бастанӣ шуд.

Далели он, ки хабарнигор арчаи солинавиро бо супориши идораи “Азия-Плюс” аксбардорӣ мекунад, барои он корманди милиса ҳеҷ аҳаммияте надошт. “Ту дар назари ман одами шубҳанок метобӣ”, – гуфт ӯ ва афзуд, ки хабарнигор ҳуқуқи акс бардоштанро надорад.

Вай дар идомаи суханронияш ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Ҳозир як ҷаримаи сабукат мекунам – 110 сомонӣ. Мебарӣ, дар “Амонатбонк” месупорӣ”. Ба суоли Мусо Бобоҳоҷиев: “Дар кадом асос?” ёрдамчии нозири минтақавӣ чунин посух дод: “Дар ягон асосе, ки ту сигарет кашидӣ, ё нос кашидӣ…”

Танҳо пас аз тамоси телефонӣ бо маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ва роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабарнигори “Азия-Плюс” раҳо шуд ва телефонашро ба ӯ баргардониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.