Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иваз шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 15-уми декабр дар анҷумани пеш аз интихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар Душанбе роҳбари амалкунандаи он, вакили парлумони Тоҷикистон профессор Олимҷон Бобоев истеъфо дод.

Ӯ сабаби истеъфоро синнусоли пирӣ маънидод кард.

“Дигар ба сиёсат машғул шуданӣ нестам, номзадиамро ба вакилӣ пешбарӣ намекунам ва роҳро барои ҷавонон боз мекунам”, – изҳор дошт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс”.

Иқтисодчӣ, вакили амалкунандаи парлумони Тоҷикистон Рустам Қудратов дар анҷуман раис нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар анҷумани ҲИИТ ҳамчунин рӯйхати номзадҳои ҳизб аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ шудааст, ки ба он 7 нафар аъзои ҳизб, аз ҷумла, раиси тозаинтихоб Рустам Қудратов дохил шудаанд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуд. Он айни замон наздики 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад. Дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон, ки 1-уми марти соли 2015 доир гардид, 3 намояндаи ҲИИТ ба курсии вакилӣ нишастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...