Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иваз шуд

Рӯзи 15-уми декабр дар анҷумани пеш аз интихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар Душанбе роҳбари амалкунандаи он, вакили парлумони Тоҷикистон профессор Олимҷон Бобоев истеъфо дод. Ӯ сабаби истеъфоро синнусоли пирӣ маънидод кард. “Дигар ба сиёсат машғул шуданӣ нестам, номзадиамро ба вакилӣ пешбарӣ намекунам ва роҳро барои ҷавонон боз мекунам”, – изҳор дошт ӯ дар суҳбат бо […]

Рӯзи 15-уми декабр дар анҷумани пеш аз интихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар Душанбе роҳбари амалкунандаи он, вакили парлумони Тоҷикистон профессор Олимҷон Бобоев истеъфо дод.

Ӯ сабаби истеъфоро синнусоли пирӣ маънидод кард.

“Дигар ба сиёсат машғул шуданӣ нестам, номзадиамро ба вакилӣ пешбарӣ намекунам ва роҳро барои ҷавонон боз мекунам”, – изҳор дошт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс”.

Иқтисодчӣ, вакили амалкунандаи парлумони Тоҷикистон Рустам Қудратов дар анҷуман раис нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар анҷумани ҲИИТ ҳамчунин рӯйхати номзадҳои ҳизб аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ шудааст, ки ба он 7 нафар аъзои ҳизб, аз ҷумла, раиси тозаинтихоб Рустам Қудратов дохил шудаанд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуд. Он айни замон наздики 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад. Дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон, ки 1-уми марти соли 2015 доир гардид, 3 намояндаи ҲИИТ ба курсии вакилӣ нишастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".