Яке аз муовинони вазири мудофиаи Тоҷикистон истеъфо медиҳад

Асрор Латифзода, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шуд, ояндаи наздик аз вазифаи муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ истеъфо медиҳад. “Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, кормандони амалкунандаи сохторҳои қудратӣ ба узвият дар аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқ надоранд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар парлумони Тоҷикистон. Латифзода моҳи нобяри соли […]

Асрор Латифзода, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шуд, ояндаи наздик аз вазифаи муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ истеъфо медиҳад.

“Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, кормандони амалкунандаи сохторҳои қудратӣ ба узвият дар аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқ надоранд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар парлумони Тоҷикистон.

Латифзода моҳи нобяри соли 2015 муовини вазири мудофиа таъин шуд. То он замон муовини раиси ҲХДТ буд. Вақте ки муовини вазири мудофиа таъин шуд, узвияташро дар ҲХДТ боздошт. Дар вазорати мудофиа Асрор Латифзода ба кори ҳайати шахсӣ масъул буд.

Асрор Латифзода 10-уми марти соли 1962 дар Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Русия мебошад. Фаъолияти кориашро дар Донишгоҳ ба сифати корманди хурди илмӣ оғоз кардааст. Аз соли 1987 то соли 1991 дар ташкилотҳои ҷавонон (комсомол)-и пойтахт кор кардааст.

Давоми солҳои 1992-2001 дар мансабҳои роҳбарикунандаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият дошта, тӯли солҳои 2001-2009 ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон, сарвари КВД “Сайёҳ”, муовини роҳбари Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ, мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат кор кардааст. Соли 2009 муовини раиси ҲХДТ интихоб шуд. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".