Спитамен Бонк: барои касоне, ки ба хешовандон аз Русия ба Тоҷикистон пул интиқол медиҳанд

Иттилоияи расмӣ

Пур кардани суратҳисоби кортҳои низоми миллии пардохтии "Корти Миллӣ"​​​​​​​-и ҳама бонкҳо ва кортҳои низомҳои байналмилалии UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк, бе ҳаққи хизмат, аз кортҳои низомҳои пардохтии VISA, MasterCard ва МИР (Федератсияи Россия) имконпазир шуд.

Акнун барои пур кардани корти хешовандони дар Тоҷикистон буда, барномаҳои мухталифро сабт кардан, номнавис шудан ва ҳатто аз хона баромадан ҳам лозим намешавад. Барои иҷрои ин амал дорандаи корти VISA, Master Card ё Мир (Федератсияи Русия) будан ва дастрасӣ доштан ба шабакаи Интернет кофист.

Интиқоли пулро аз ҳама кортҳои Русия ба кортҳои Тоҷикистон (P2P) дар бахши "Интиқол ба корт" (Перевод на карты) дар сомонаҳои бонкҳои шарик: БКФ (Бонки Маблағгузории Корпоративӣ) – https://www.cfb.ru/payments/, БКС Банк (Бонки сармоягузорӣ) – https://bcs-bank.com/payments, МС Банк Рус (Митсубиши банк – автоқарздиҳӣ) – https://www.mcbankrus.ru/mitsubishi-motors-finance/payments/ ва Веббанкир (яке аз ТҚХ калон дар ФР) – https://new.webbankir.com/lk/services/pay_online амалӣ кардан мумкин аст.

Ҳаққи хизмат барои интиқол ситонида намешавад. Интиқол бо рубли русӣ ва пас аз мубодилаи минбаъда ба суратҳисоб бо асъори миллӣ (сомонӣ) дар вақти воқеӣ амалӣ карда мешавад. Маблағи максималии якбора интиқолшаванда 15 000 рубли русиро ташкил дода, нисбат ба шумораи амалиётҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Спитамен Бонк лоиҳаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ ба кортҳои "​​​​​​​Корти Миллӣ"​​​​​​​-ро тавассути терминалҳо ва ҳамёнҳо QIWI, аз марказҳои хизматрасонии Мегафон ва Связной ва инчунин тариқи барномаи Сбербанк Онлайн татбиқ карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...