Бозори “Ҷал-Ҷам” дар Душанбе кӯчонида мешавад

Date:

Бозори “Ҷал-Ҷам” дар пойтахт, ки барои фурӯши масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, дар ҷойи ин бозор, ки дар маҳаллаи 1-ум Советский воқеъ аст, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои муосири савдо, иншооти таъиноти иҷтимоӣ – мактабу беморхонаҳо сохта мешаванд.

Ба фурӯшандагони бозори “Ҷал-Ҷам” барои озод кардани қаламрав то 15-уми январ муҳлат дода шудааст.

Ҳукумати шаҳр ба онҳо пешниҳод кардааст, ки ба муҷтамаи нави савдои “Кӯшониён” гузаранд, ки дар мавзеи корхонаи таъмири пойтахт бунёд шудааст.

“Маъмурияти маркази савдои “ Кӯшониён” бо дархости шаҳрдории Душанбе савдогарони ба ин ҷо гузаштаи бозори “Ҷал-Ҷам”-ро се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯш озод мекунад”, – афзуд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...