Раиси КМИР ва ёвари президент ба Тошканд рафтанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо даъвати Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон ҳайати Тоҷикистон дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Ӯзбекистон ба ҳайси нозирон иштирок мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҳайат роҳбарони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, МТС Диловар Қодирзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода, ёвари президенти ҶТ оид ба масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода, вакили палатаи поёнии парлумон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ бо парлумони Ӯзбекистон Зуфар Исмоилзода ва сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов шомил гардида, субҳи имрӯз озими Тошканд шуданд.

Барои инъикоси ҷараёни баргузории маъракаи интихоботи парлумонӣ дар кишвари ҳамсоя як гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик низ ба Тошканд мераванд. Маъракаи интихоботии мазкур таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” ҷараён мегирад.

Интихоби вакилон ба Палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва кенгашҳои маҳаллӣ рӯзи 22-юми декабр баргузор мешавад.

Дар интихобот 5 ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии "Миллий тикланиш", Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократӣ ва Ҳизби экологӣ иштирок мекунанд.

Ин маъракаи сиёсӣ дар соли 2019 бори нахуст мутобиқи Кодекси нави интихобот гузаронида мешавад. Мувофиқи он аҳзоби сиёсӣ ба пешбарии номзадҳо акнун натанҳо дар 135, балки ҳамаи 150 ҳавзаи интихоботӣ ҳуқуқ доранд.

Ба 150 курсии вакилӣ дар Палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ӯзбекистон 750 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Аз 20 млн. интихобкунанда 2 млн. нафарашон ҷавонон буда, ин интихобот барояшон аввалин аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...