Ҷаримаи сокини шаҳри Турсунзода барои даъвати ҳунармандон ба хатнатӯй

Сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Мавзуна Очилдиева аз ҷониби суди маҳаллӣ ба риоя накардани меъёрҳои қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ” айбдор дониста шуд. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Мавзуна Очилдиева моҳи июли соли равон дар ҳавлии манзили истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон ва иштироки зиёда аз […]

Сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Мавзуна Очилдиева аз ҷониби суди маҳаллӣ ба риоя накардани меъёрҳои қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ” айбдор дониста шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Мавзуна Очилдиева моҳи июли соли равон дар ҳавлии манзили истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон ва иштироки зиёда аз 50 нафар хатнатӯйи писарашро бо додани таом гузаронидааст.

Гуфта мешавад, бо қарори суди шаҳр ӯ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима барои ҳисобҳо баробар ба 5 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо мукаррар карда шуд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, маросими хатнаи кӯдак дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ,  соли 2018 дар Тоҷикистон 80 ҳазору 330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд.

Тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, бо мақсади пешгирии гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи солимии равонии кӯдакон баргузории маросими хатна дар хона аз ҷониби устоҳои мардумӣ маъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.