Раиси КМИР ва ёвари президент ба Тошканд рафтанд

Бо даъвати Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон ҳайати Тоҷикистон дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Ӯзбекистон ба ҳайси нозирон иштирок мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҳайат роҳбарони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, МТС Диловар Қодирзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода, ёвари президенти ҶТ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо даъвати Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон ҳайати Тоҷикистон дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Ӯзбекистон ба ҳайси нозирон иштирок мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҳайат роҳбарони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, МТС Диловар Қодирзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода, ёвари президенти ҶТ оид ба масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода, вакили палатаи поёнии парлумон, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ бо парлумони Ӯзбекистон Зуфар Исмоилзода ва сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов шомил гардида, субҳи имрӯз озими Тошканд шуданд.

Барои инъикоси ҷараёни баргузории маъракаи интихоботи парлумонӣ дар кишвари ҳамсоя як гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик низ ба Тошканд мераванд. Маъракаи интихоботии мазкур таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” ҷараён мегирад.

Интихоби вакилон ба Палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва кенгашҳои маҳаллӣ рӯзи 22-юми декабр баргузор мешавад.

Дар интихобот 5 ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии "Миллий тикланиш", Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократӣ ва Ҳизби экологӣ иштирок мекунанд.

Ин маъракаи сиёсӣ дар соли 2019 бори нахуст мутобиқи Кодекси нави интихобот гузаронида мешавад. Мувофиқи он аҳзоби сиёсӣ ба пешбарии номзадҳо акнун натанҳо дар 135, балки ҳамаи 150 ҳавзаи интихоботӣ ҳуқуқ доранд.

Ба 150 курсии вакилӣ дар Палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ӯзбекистон 750 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Аз 20 млн. интихобкунанда 2 млн. нафарашон ҷавонон буда, ин интихобот барояшон аввалин аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.