“Шаъну эътиборашро паст зад”. Президент раиси суди шаҳри Гулистонро аз мансаб барканор кард

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19-уми декабр дар бораи аз вазифаҳояшон озод кардани раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Наргис Ёдгорзода ва судяи ин суд Муродбек Насриддинзода фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин мансабдорон  бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми ноябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ изҳор дошт, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Суди Олӣ 190 шикоят ва 44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла, 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо, 7 шикоят оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.

“Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз соли 2009 то инҷониб 25 нафар судяҳо (аз ҷумла 1 нафар зан) ва 16 нафар кормандони дастгоҳи судҳо барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шудаанд, ки чунин вазъ бисёр нигаронкунанда ва боиси ташвиш мебошад”, – гуфт сарвари давлат.

Ӯ зикр кард, ки дар фаъолияти судяҳо камбудиҳо, ба монанди бо сифати паст таҳия кардани санадҳои судӣ ва дар ин замина зиёд шудани бекоршавии қарорҳои судӣ ва риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳо ҷой доранд, ки боиси норозигии мардум ва воридшавии арзу шикоят ба мақомоти болоӣ мегарданд.

“Аз ин рӯ, раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ҷиҳати баланд бардоштани касбияти судяҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, инчунин одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро ба эътибор гиранд”, – таъкид дошта буд раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...