Дар шимоли Тоҷикистон аз соҳибкор $500 “доля” талаб кардаанд?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Чанде пеш дар Facebook акси эълоне нашр шуд, ки соҳибкор аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар даромадгоҳи маркази хизматрасонии худ овехтааст. «Фурӯхта мешавад. Корманди андоз Ҳусейнов Бедил 500 доллар моҳона "доля" талаб дорад»”, – навишта шудааст дар эълон.

“Азия-Плюс” бо муаллифи эълон тамос гирифт.

Муаллифи эълони мазкур соҳибкор Фарҳод Юлдошев молики маркази хидматрасонии таҷҳизоти газии “Атикер” дар роҳи Ғафуров – Хуҷанд мебошад.

Юлдошев айни замон дар Русия қарор дорад, ки тиҷорати асосиаш дар ҳамон ҷо роҳандозӣ шудааст.

Зимни суҳбати телефонӣ Юлдошев ба “Азия-Плюс” хабар дод, корманди андозе, ки ному насабаш дар эълон зикр шудааст, ҳанӯз солҳои 2012-2013 ба онҳо фишор оварда, ҳар моҳ наздики 500 доллар пора мегирифт.

“Агар “доляаш” (ҳиссаш)-ро намедодем, фишор варда, маҷбур мекард. Пас аз ӯ коргарони дигар омаданд, лекин ҳеҷ касе ба мо кордор набуд ва пора талаб намекард. Мутаассифона, моҳи октябр муҳосиб ба ман хабар дод, ки “рафиқ Бедил (Ҳусейнов Бедил, сардори ҳозираи нозироти андози ш. Бӯстон – Эзоҳи идора) сардори нозироти андоз таъин шуда, суроғаашро додааст, то ки бо ӯ дар робита шавам”. Пас аз ин масъули андозситонии мо Ҷамшед бо ман дар тамос шуда, изҳор дошт, ки ба Ҳусейнов занг зада, ӯро ором созам ва бигӯям, ки вақте ба хона баргаштам, ҳиссаашро медиҳам”, – иброз дошт Юлдошев.

Ба қавли соҳибкор, ӯ ҳамин тавр ҳам кардааст, яъне ба Ҳусейнов телефонӣ гуфтааст, ки баъд аз бозгашт пулашро медиҳад.

“Бедил розӣ шуд, вале баъд аз чанде одамони худ ва кормандони хадамоти оташнишониро ба марказ фиристод. Онҳо чун ғоратгарон кисаҳои кормандонро кофтаанд. Сипас кормандони хадамоти оташнишонӣ биноро муҳр зада, ба ман бо телефон гуфтанд, ки 106 ҳазор сомонӣ қарздорам. Ба ин васила маро тарсониданӣ ё шантаж карданӣ буданд. Ман омада, бо онҳо вохӯрдам. Рафторашон бароям писанд наомад ва пас аз вохӯрӣ эълонро овехта, ба Русия баргаштам”, – мегӯяд Фарҳод Юлдошев .

Вай афзуд, аз нозироти андоз занг зада, акнун дархост доранд, ки эълонро бигирад.

“Онҳо гуфтанд, ки ба ман ҳеҷ даъвое надоранд ва ҳатто ҳамон 106 ҳазор сомонӣ ҳам дигар вуҷуд надошта, ман гӯё нодуруст фаҳмидаам. Айни замон марказ фаъолият дорад”, – нақл кард соҳибкор.

“Ҳамаро сад фоиз рад мекунам”

Мо бо сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон Бедил Ҳусейнов дар тамос шудем ва ӯ ҳамаи иттиҳомотро рад кард. Ӯ қайд кард, ки ҳамаи гуфтаҳои мазкур дурӯғ буда, ӯ Фарҳод Юлдошевро шахсан намешиносад.

“Ҳамаи айбҳо ва гуфтаҳои соҳибкор Фарҳод Юлдошевро сад фоиз рад мекунам. Ман ҳатман исбот хоҳам кард, ки беайбу покам. Ман аллакай 25 сол дар ин сохтор дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар кор кардаам. Фикр мекунам, ки миннатдориҳои ба ман изҳоркардаи раҳбарияти вилояту кумитаи андоз беҳуда нестанд. Агар ӯ дар бораи аз ҷониби ман талаб шудани пора далел дошта бошад, бигзор ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад, ман омодаам, ки ҷавоб гӯям. Агар ман айбдор бошам, омодаам, ки дар назди қонун ҷавобгар бошам.Аммо аз рӯйи туҳмат ҳам модда мавҷуд аст ва собит хоҳам кард, ки ӯ ҳам бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ҳама далелҳоро дар даст дорам ва исбот хоҳам кард”, – изҳор дошт Ҳусейнов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...