Даъвати Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон

Нимаи дуюми рӯзи 23 декабр миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устуворро касб кардаанд, баррасӣ шуд. “Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию […]

Нимаи дуюми рӯзи 23 декабр миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устуворро касб кардаанд, баррасӣ шуд.

“Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байнулмилалӣ ибрози назар намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ин зимн Қосим-Жомарт Токаев аз раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Қазоқистон дар фурсати барояш муносиб даъват ба амал овард.

Дар идомаи суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 мубодилаи табрикот карда, ба мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу намуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.