Буҷети Душанбе зиёда аз 3 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод

Қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе дар соли оянда беш аз 3,5% меафзояд. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми декабр иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, дар иҷлосия буҷети шаҳр барои соли 2020 тасдиқ шуд. Дар соли оянда қисмати даромади буҷет 3 млрд. 150 млн. сомониро […]

Қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе дар соли оянда беш аз 3,5% меафзояд.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми декабр иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, дар иҷлосия буҷети шаҳр барои соли 2020 тасдиқ шуд. Дар соли оянда қисмати даромади буҷет 3 млрд. 150 млн. сомониро ташкил хоҳад дод, ки дар муқоиса бо соли 2019 қариб 107 миллиону 495 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

Дар иҷлосия маълумот дода шуд, ки соли равон дар шаҳри Душанбе  62 адад корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ  бо фарогирии  810 адад ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ ба вакилон изҳори сипос карда, афзудааст, ки дар оғози соли нави 2020-ум дар кишвар як зумра чорабиниҳо, махсусан маъракаи сиёсии интихоботӣ гузаронида мешавад. Вай изҳори бовар кардааст, ки дар ин давра низ фаъолияти вакилон содиқона ва танҳо барои таъмини волоияти қонун, якдилӣ ва ҳамраъйии сокинони пойтахт равона мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.