Қадрдонии марзбони қирғизи ҳалокшуда бо медал

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳамсари марзбон Равшан Муминов, ки моҳи сентябр зимни муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳалок шуд, медали “Эрдик” (Ҷасорат) супурд. Дар ин бора хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад. Сарвари давлат ба ҳамсари марҳум Муҳайё Муминова ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки Равшан Муминов баҳри ҳифзи марзҳои кишвар ҷон бохт. Медал пас аз […]

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳамсари марзбон Равшан Муминов, ки моҳи сентябр зимни муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳалок шуд, медали “Эрдик” (Ҷасорат) супурд. Дар ин бора хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.

Сарвари давлат ба ҳамсари марҳум Муҳайё Муминова ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки Равшан Муминов баҳри ҳифзи марзҳои кишвар ҷон бохт. Медал пас аз марг барои ҷасорату шуҷоат ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ тақдим шудааст.

Ҳамчунин ба оилаи Муминовҳо (ҳамсари бевамонда, се нафар фарзандон ва модари пираш) барои харидани манзил 2 млн. сом (28,6 ҳазор доллар) маблағ ҷудо шуд.

Муноқишаи охир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябр бо истифода аз силоҳ рух дод. Дар натиҷа се низомии Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон ҳалок шуданд. Ҳамчунин аз ду ҷониб сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд. Ғайр аз ин, боз 5 нафар сарбозу афсари Тоҷикистон ҷароҳат гирифта, Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 13 нафар захмишудагон хабар дод.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.