Се қарори аҷиби Тоҷикистон дар Соли рушди сайёҳӣ

Раҳбарияти Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда, баъдан онро боз ба муддати се соли дигар – 2019-2021 дароз кард. Аммо бо гузашти ду сол ҳукумат дар баробари имтиёзу сабукиҳо барои тиҷорат дар ин соҳа, баъзе қарорҳоеро қабул кард, ки ҳадди ақал, шубҳа меангезанд: оё ҳақиқатан ҳам ният дорем, ки бахши […]

Раҳбарияти Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда, баъдан онро боз ба муддати се соли дигар 2019-2021 дароз кард. Аммо бо гузашти ду сол ҳукумат дар баробари имтиёзу сабукиҳо барои тиҷорат дар ин соҳа, баъзе қарорҳоеро қабул кард, ки ҳадди ақал, шубҳа меангезанд: оё ҳақиқатан ҳам ният дорем, ки бахши сайёҳиро рушд диҳем?

Тайи солҳои охир ҳукумат барои рушди бахши сайёҳӣ як қатор имтиёзҳо ҷорӣ кард, аз ҷумла, иншооти сайёҳии бунёдшаванда зимни воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмон аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шуданд. Аммо ҳамзамон қарорҳое низ қабул шуданд, ки ба доираи ниятҳои зикршуда рост намеоянд.

Боҷи сайёҳӣ

Баҳори соли равон ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз сайёҳон ситонидани боҷ пешбинӣ шуд.

Аз сайёҳоне, ки ба ҷумҳуриамон меоянд, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба дигар кишварҳо мераванд ва ҳамчунин аз зойирин, ки барои адои маросими ҳаҷ мераванд, боҷ ситонида мешавад.

Ҳаҷми ин боҷ 1 доллар барои ҳар як шабонарӯзи ҳузур мебошад.

Ин навгонӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба шигифт андохт. Хулосаи асосӣ он аст, ки агар ба рушди ин соҳа ноил шуданӣ бошем, аз сайёҳон боҷ ситонидан бемантиқ аст.

Дар ҳамин ҳол, ситонидани боҷ аз сайёҳон таҷрибаи роиҷ дар саросари дунёст. Дар аксари кишварҳо аз ҳамаи сайёҳон чунин боҷ ситонида шуда, он ба рушди бахши сайёҳӣ, аз ҷумла, таъмини ҷаҳонгардон бо шароити хуби иқомату саёҳат равона мегардад.

Фарқ дар он буда метавонад, ки сайёҳон дар кишварҳое андозбандӣ мешаванд, ки дар онҳо аз ҷаҳонгардон аллакай чӣ гуна пул кор карданро омӯхтаанд, на дар кишварҳое, ки бахши сайёҳӣ танҳо акнун дар ҳоли рушд аст.

Андоз барои шабгузаронӣ

Чанде пеш ҳукумат қароре қабул кард, ки мувофиқи он андозбандии манзили иҷораи сайёҳон ва хизматрасониҳои вобаста ба он акнун бар асоси патент сурат мепазирад.

Касони иқоматдошта дар минтақаҳое, ки меҳмонхона надоранд, бояд чунин патент бигиранд.

Арзиши чунин патент дар ҳаҷми 80 сомонӣ (50 сомонӣ андоз аз даромад ва 30 сомонӣ – андози иҷтимоӣ) дар як моҳ муқаррар шудааст.

Чанде аз мутахассисони мустақил ин қарорро “намоиши коҳиши бемайлони имконоти касбӣ дар идоракунии давлатӣ” унвон мекунанд.

Онҳо қайд мекунанд, бо манзил таъмин кардани сайёҳон дар минтақаҳои дурдаст хусусияти мавсимӣ дорад ва суоле ба миён мегузоранд, патент ба шахсе, ки ҳафт моҳ бо он кор намекунад, чӣ лозим аст?

Илова бар ин, коршиносон зикр мекунанд, ки сайёҳон барои шабгузаронӣ ҳамроҳ бо ғизо бештар аз 10 доллар пардохт кардан намехоҳанд. Соҳибони манзилҳо бояд маблағи барқу об ва ҳезуму ангиштро низ пардохт карда, хонаро тозаву озода нигоҳ доранд. Пас, ин патент барои чӣ лозим аст? Барои он ки сайёҳон бештар дар хаймаҳо шабро рӯз кунанду саҳмашон ба рушди иқтисоди мо камтар шавад?

Хатсайри ҳавоии қатъшуда

Ҳарчанд ғайриоддӣ ба назар расад ҳам, бо эълони соли рушди сайёҳӣ иртиботи ҳавоии мунтазам байни пойтахт ва шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии минтақаи аз лиҳози қаламрав бузургтарини ҷумҳурӣ – ВМКБ, ки сайёҳони хориҷӣ бештар ба он таваҷҷуҳ доранд, қатъ шуд.

Имрӯз аз Душанбе танҳо бо истифода аз мошин метавон ба Хоруғ сафар кард, ки 14 соат вақтро мегирад. Вазъи нисфи роҳ хеле номусоид аст, зеро ҷодаи аз Дарвоз то Хоруғ ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ рӯйи таъмирро надидааст.

То моҳи октябри соли 2017 ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” номунтазам бо хатсайри Душанбе – Хоруғ парвозҳо анҷом медод, лекин 3 сол инҷониб бинобар сабаби вазъи душвори молиявӣ, ба он имкон надорад.

Ширкати дигари ҳавопаймоии ватанӣ – “Сомон Эйр” ба Хоруғ парвозҳо иҷро карда наметавонад, чунки ба гуфтаи мақомоти авиатсионӣ, ҳавопаймоҳои муносиб ба ин корро надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.