БМТ: Маркази интиқоли пул муназзам ва муътадил фаъолият дорад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз ташкилотҳои қарзӣ даъват кард, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкиро аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар бемамониат ва саривақт таъмин намоянд. “Тибқи муроҷиати шаҳрвандон, рӯзҳои охир як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз ташкилотҳои қарзӣ даъват кард, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкиро аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар бемамониат ва саривақт таъмин намоянд.

“Тибқи муроҷиати шаҳрвандон, рӯзҳои охир як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар монеаҳои сунъӣ ва маҳдудиятҳои беасос ҷорӣ карда истодаанд”, – гуфта мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо муназзам ва муътадил фаъолият карда истодааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд аз имрӯз онро аз бонкҳои ҷумҳурӣ бозпас бигиранд. Баргардонидани пул дар муддати ду рӯз (24-25 декабр) имконпазир аст.

Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути ин низом дар дохили кишвар анҷом дода шудааст (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.

Низоми пардохти “Золотая корона”, ки беш аз 80%-и бозори интиқоли пули Тоҷикистонро ишғол мекард, аз пайваст шудан ба Марказ даст кашид.

Айни замон интиқоли маблағ танҳо тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” имконпазир аст. Ҳамчунин тибқи маълумоти БМТ, аз 23-юми декабр низоми пардохтии “Вестерн Юнион” низ ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шуда, фаъолияти худро дар кишвар барқарор кард.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ, тарифҳои низомҳои пардохти зикршуда вобаста ба ҳаҷми пули интиқолмеёфта ва нуқтаи ирсол, ҳамчунин навъи асъор аз 0,99 то 2%-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.