Адибони маъруфи Ӯзбекистон пеш аз Соли нав ба Душанбе меоянд

Адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд. Ҳайатро Шоири халқии Ӯзбекистон, раиси Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Саид роҳбарӣ мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, адибони ҳар ду кишвар дар чорабиниҳо ба муносибати хотираи Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоири халқӣ Эркин Воҳидов иштирок мекунанд. Ҷаласаи асосӣ бо ҳузури адибони тоҷику ӯзбек рӯзи 27-уми декабр дар Китобхонаи миллии […]

Адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд. Ҳайатро Шоири халқии Ӯзбекистон, раиси Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Саид роҳбарӣ мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, адибони ҳар ду кишвар дар чорабиниҳо ба муносибати хотираи Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоири халқӣ Эркин Воҳидов иштирок мекунанд.

Ҷаласаи асосӣ бо ҳузури адибони тоҷику ӯзбек рӯзи 27-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ташаббуси баргузории як силсила чорабиниҳо бахшида ба хотираи Эркин Воҳидов аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи майи соли равон бо ибтикори адибони ӯзбек бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар шаҳри Тошканд як силсила чорабиниҳо доир гардид.

Адибони Ӯзбекистон ният доранд, ки дар Душанбе ва шаҳру навоҳии гирду атрофи пойтахт шомҳои назми ӯзбек баргузор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.