Андозчиёни тоҷик мушкилотеро ёфтанд, ки ба корашон халал мерасонанд

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мушкилотеро номбар кард, ки ба идоракунии хушсифати низоми андоз монеъа эҷод мекунанд. Ҳамзамон дар Кумита бар ин назаранд, ки агар ин мушкилот ҳал шуда, як қатор тадбирҳо оид ба такмили низом амалӣ шаванд, ин нуфузи мақомоти андозро боло мебарад. “Дар сатҳи минтақаҳо камбудиҳо дар ҷодаи банақшагирӣ ва пешбинии андоз ба назар […]

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мушкилотеро номбар кард, ки ба идоракунии хушсифати низоми андоз монеъа эҷод мекунанд. Ҳамзамон дар Кумита бар ин назаранд, ки агар ин мушкилот ҳал шуда, як қатор тадбирҳо оид ба такмили низом амалӣ шаванд, ин нуфузи мақомоти андозро боло мебарад.

“Дар сатҳи минтақаҳо камбудиҳо дар ҷодаи банақшагирӣ ва пешбинии андоз ба назар мерасанд, ки сабабҳои он истифодаи услубҳои номукаммал, дақиқ набудани нишондиҳандаҳои оморӣ ва ғайра ба ҳисоб мераванд”, – қайд мешавад дар маълумоти сомонаи Кумитаи андоз.

Гуфта мешавад, ба амалисозии тадбирҳои муассир дар маъмурикунонии андоз ва ҳамоҳангии он баъзе мушкилот халал мерасонанд.

“Нокифоя будани ҳамкориҳои самараноки байниидоравӣ оид ба татбиқи сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз, мавҷуд набудани таҷрибаи пайвастаи арзёбӣ намудани таъсири танзими меъёрҳои андозҳо ва имтиёзҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ, идоракунии молияи давлатӣ, қисман ва нопурра истифода гардидани механизмҳои ҳавасмандкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, баҳисобгирии нопурраи истифодаи имтиёзот аз ҷониби андозсупорандагон” аз ҷумлаи чунин мушкилот номбар шудааст.

Раванди тақвияти иқтидори иқтисодию истеҳсолии кишвар ва омили таъсиррасони он беҳтар кардани маъмурикунонии андоз, боз ҳам содда ва дастрас намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мебошад. Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти системаи маъмурикунонӣ роҳандозии системаи андоз дар асоси технологияҳои рақамӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он аз байн бурдани тамоси шахсӣ миёни кормандони андоз ва андозсупоранда ҷиҳати паст бурдани сатҳи фасод дар системаи андоз мебошад.

“Беҳдошти системаи маъмурикунонии андоз то андозае такья ба консепсияи иқтисоди рақамӣ ва таҳкими механизмҳои ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин кам кардани хароҷот вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз мебошад”, – шарҳ додаанд дар Кумитаи андоз.

Мувофиқи Барномаи маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2030 баргузории як қатор ислоҳот ба нақша гирифта шудааст: такмили сиёсати андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ; таҷдиди пайвастаи системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ҳамкории фосилавӣ (бе тамоси шахсӣ) бо андозсупорандагон, мақомоти давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ; баланд бардоштани фарҳанги андоз ва сифати фаъолияти мақомоти андоз.

Дар Кумитаи мазкур интизор доранд, ки татбиқи чорабиниҳои беҳдошти маъмурикунонии андоз ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ, гузариш ба моделҳои муосир ва самараноки технологияҳои пешбурди системаи мақомоти андоз, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии соҳаи андоз, огоҳии андозсупорандагон ва дар натиҷа мустақилона риоя намудани қонунҳои андоз ва дар ин асос боло бурдани нуфузи мақомоти андоз тавассути идоракунии одилона равона карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.