Эмомалӣ Раҳмон: Ба сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод кардан лозим аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таъсиси сохтори нав дастур дод, ки ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ машғул мешавад.

“Дар назди КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад”, – дастур дод сарвари давлат ба мақомоти дахлдор имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паём ба парлумон.

Ӯ шарҳ дод, ки вазифаи асосии ин воҳиди сохторӣ омода кардани лоиҳаҳо доир ба пешниҳоди захираву имкониятҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти омӯзиш ва истихроҷу коркарди ашёи хом, яъне сарватҳои зеризаминӣ мебошад.

Президент гуфт: “Дар мо то ҳоло ин чиз вуҷуд надорад. Ҳол он ки дар назди ҳар як вазорату идораҳои Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои махсуси лоиҳакашӣ мавҷуданд”.

Ба гунаи мисол ӯ таъкид дошт, ки “пажӯҳишгоҳи назди Вазорати нақлиёти ҶТ соли чорум аст, ки лоиҳаи бунёду таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷро дуруст лоиҳакашӣ ва пешниҳод карда наметавонад”.

Сарвари давлат зикр кард, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ “зиёда аз 600 адад конҳои захираҳои минералӣ эҳё шуда, аммо фақат ному дигар чизе нест”. Вай афзуд, ки лоиҳаҳои мушаххас барои пешниҳод ба сармоягузорон омода нестанд.

Ӯ бар ин назар аст, ки ба ҷойи дар вохӯриҳои корӣ дар бораи бойигариҳои кишвар маълумот додан, ба сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод кардан зарур аст.

Ҳамчунин президент ба мақомоти дахлдор дастур дод, ки барои беҳбуди малакаҳои соҳибкорон дар самти таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ тадбирҳо андешида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...