Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон: чӣ гуфту кӣ шунид?

Asia-Plus

Сарвари давлат имрӯз, 26-уми декабр дар толори калони “Кохи Сомон”-и бӯстонсаройи ҳукуматӣ паёми анъанавии ҳамасолаи худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа кард.

Эмомалӣ Раҳмон чиҳо гуфт?

Раисҷумҳур дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян карда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон: Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди кишвар аст

Раисҷумҳур: “Системаҳои бюрократӣ” дар содирот аз байн бурда шавад

Маошу нафақа ва стипендияҳо аз сентябри соли 2020 боло мераванд

Солҳои 2020-2040 – Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Ҳар як тоҷикистонӣ ба хондани 5 китоби бадеӣ дар як сол уҳдадор мешавад

Эмомалӣ Раҳмон: Мо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ кам дорем

НБО “Себзор” дар Помир соли 2022 ба кор медарояд

Маслиҳати раисҷумҳур оид ба рушди саёҳӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Хизматрасонии тиббӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад

“Ҳадафи асосӣ дар соли оянда таъмини ҳаёти шоиста ба аҳолӣ боқӣ мемонад”

Киҳо диданду шуниданд?

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, сарвазир ва аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гурӯҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Инчунин тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радио пахши мустақими суханронии президент ҷараён гирифт. Ба чанде аз шабакаҳои мустақили телевизиону радио низ тавсия дода шуд, ки ироаи паёми сарвари давлатро намоиш додаву шунавонанд.

Ба ҷуз ин, кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар толорҳо мустақиман паёми президентро тамошо карданд.

Маъмулан, баъд аз таҷлили Соли нав вакилони парлумон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, ба мардум бандҳои асосии паёмро тавзеҳ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...