НБО “Себзор” дар Помир соли 2022 ба кор медарояд

Президенти Тоҷикистон Эмомаӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи замони анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод. Ӯ изҳор дошт, ки барои татбиқи ин лоиҳа ҳукумати Тоҷикистон беш аз 470 млн. сомонӣ (зиёда аз 48,4 млн. доллар) сармояи давлатиро ҷудо карда, нерӯгоҳ соли 2022 ба истифода супорида […]

Президенти Тоҷикистон Эмомаӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи замони анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод.

Ӯ изҳор дошт, ки барои татбиқи ин лоиҳа ҳукумати Тоҷикистон беш аз 470 млн. сомонӣ (зиёда аз 48,4 млн. доллар) сармояи давлатиро ҷудо карда, нерӯгоҳ соли 2022 ба истифода супорида мешавад.

Дар лоиҳаи сохтмони НБО Себзор бунёди нерӯгоҳи хурди ҷараёнӣ дар рӯдхонаи Шохдараи ВМКБ пешбинӣ шудааст. Ба сохтмони он ҳанӯз тобистони соли 2015 раисҷумҳур оғоз бахшида буд.

Айни замон корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ бо дастгирии ҳукумат ва ширкати “Помир энержӣ”, ки ба идоракунии шабакаҳои барқ дар ВМКБ машғул аст, ҷараён доранд.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки тайи 7 соли охир истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар 1,3 баробар афзуда, соли 2019 ба нишондиҳандаи 20 млрд. кВт/соат расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.