Президент ба сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» дар Бадахшон ҳусни оғоз мебахшад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок мекунад. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки сафар  президенти мамлакат ба ВМКБ рӯзҳои наздик дар назар аст. Усмонзода таъкид дошт, ки нерӯгоҳи барқи […]

Пайрав Чоршанбиев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок мекунад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки сафар  президенти мамлакат ба ВМКБ рӯзҳои наздик дар назар аст.

Усмонзода таъкид дошт, ки нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо мақсади таъмини пурраи вилоят бо нерӯи барқ ва ҳамчунин содироти он ба минтақаҳои ҳамсояи Афғонистон бунёд мегардад.

Ёдрас мекунем, ки

оғози сохтмони нерӯгоҳи «Себзор» бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон

тирамоҳи соли гузашта ба нақша гирифта шуда буд, вале он замон сафари президент ба Бадахшон ба таъхир афтод.

Нерӯгоҳи барқии нав бо иқтидори лоиҳавии 12 МВт дар ҷамоати Мирсаид Миршакар, дар мавзеи Себзор, воқеъ дар 15 километрии шаҳри Хоруғ сохта мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи оби барқии «Себзор» ба таъмини иншооти нави сохташаванда, ҳамчунин сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо нерӯи барқ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам оварда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.