Раисҷумҳури Тоҷикистон: “Ҳадафи асосӣ дар соли оянда таъмини ҳаёти шоиста ба аҳолӣ боқӣ мемонад”

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаи худ ба парлумон изҳор дошт, ки ҳадафи асосии ҳукумат дар соли оянда таъмини зиндагии шоиста ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум боқӣ мемонад.

Сарвари давлат қайд кард, ки барномаи пешазинтихоботии ӯ, ки дар интихоботи президентии тирамоҳи соли 2013 қабул шуда буд, имрӯз ба иҷро расидааст.

“Соли равон сатҳи афзоиши воқеии ММД-и Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода, ҳукуматро лозим аст, ки афзоиши онро дар соли оянда дар сатҳи 7,8% таъмин кунад”, – гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон ба зиёда аз 9,5 млн. нафар ва давомнокии умр ба ҳисоби миёна ба 75 сол расидааст.

Раисҷумҳур изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба кормандони соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва соҳибкорон ҳудуди 30 имтиёзу сабукиҳо дар пардохти андоз пешниҳод шудааст, ки тайи ду соли охир ба буҷет аз ин ҳисоб беш аз 15 млрд. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.

Дар ҳамин ҳол, сарвари давлат таъкид дошт, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар зарфи 2 сол 6 маротиба камтар шудааст.

“Танҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои 2013-2019 ба маблағи умумии 13,2 млрд. сомонӣ 80 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида, соли 2020 ҳукумат ният дорад, ки ба маблағи 3,8 млрд. сомонӣ 20 лоиҳаи нави сармоягузориро татбиқ кунад”, – гуфт раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...