Сатҳи касри буҷети имсолаи Тоҷикистон чор баробар зиёд шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон аз пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ҷонибдорӣ кард.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудо гардидани ҳудуди 2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Вай афзуд, ки ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун дар моҳи сентябри соли равон нақшаҳои ҳукуматро тағйир дод.

“Дар ниҳояти кор ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун” аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок дар бозорҳои байнулмилалӣ (евробондҳо) дар соли 2017 ва захираҳои ҷумҳуриявии металлу сангҳои қиматбаҳо маблағҳои иловагӣ равона шуданд”, – гуфт вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки аввали соли ҷорӣ аз фурӯши металлу сангҳои қиматбаҳо ҳукумат наздики 613 млн. сомонӣ ва аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) 1,2 млрд. сомонӣ дар ихтиёр дошт, ки ба қисматҳои даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2019 дохил шуданд.

“Дар ин робита, қисмати даромади Буҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ на 24,4 млрд. сомонӣ, балки 25,6 млрд. сомониро ташкил дода, сатҳи каср (камбуд)-и он на 0,5%, балки 2%-ро ташкил хоҳад дод”, – таъкид дошт вазири молия.

Пас аз маъқул донистани тағйироту иловаҳо ба “Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” вазири молия дар мусоҳибаи кӯтоҳ бо хабарнигори “Азия-Плюс” қайд кард, ки афзоиши ҳаҷми касри буҷети давлатӣ ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандони кишвар таъсир нахоҳад гузошт.

“Чизеро, ки қонунгузории кишвар дар бахши ҳисоботнокии молиявӣ тақозо мекунад, мо қонунӣ кардем”, – иброз дошт вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...