Сатҳи касри буҷети имсолаи Тоҷикистон чор баробар зиёд шуд

Палатаи поёнии парлумон аз пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ҷонибдорӣ кард. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудо гардидани ҳудуди 2 млрд. […]

Палатаи поёнии парлумон аз пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” ҷонибдорӣ кард.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудо гардидани ҳудуди 2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Вай афзуд, ки ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун дар моҳи сентябри соли равон нақшаҳои ҳукуматро тағйир дод.

“Дар ниҳояти кор ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун” аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок дар бозорҳои байнулмилалӣ (евробондҳо) дар соли 2017 ва захираҳои ҷумҳуриявии металлу сангҳои қиматбаҳо маблағҳои иловагӣ равона шуданд”, – гуфт вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки аввали соли ҷорӣ аз фурӯши металлу сангҳои қиматбаҳо ҳукумат наздики 613 млн. сомонӣ ва аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) 1,2 млрд. сомонӣ дар ихтиёр дошт, ки ба қисматҳои даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2019 дохил шуданд.

“Дар ин робита, қисмати даромади Буҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ на 24,4 млрд. сомонӣ, балки 25,6 млрд. сомониро ташкил дода, сатҳи каср (камбуд)-и он на 0,5%, балки 2%-ро ташкил хоҳад дод”, – таъкид дошт вазири молия.

Пас аз маъқул донистани тағйироту иловаҳо ба “Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” вазири молия дар мусоҳибаи кӯтоҳ бо хабарнигори “Азия-Плюс” қайд кард, ки афзоиши ҳаҷми касри буҷети давлатӣ ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандони кишвар таъсир нахоҳад гузошт.

“Чизеро, ки қонунгузории кишвар дар бахши ҳисоботнокии молиявӣ тақозо мекунад, мо қонунӣ кардем”, – иброз дошт вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.