Эрон бандарҳои худро барои транзити борҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунад

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бар ин назар аст, ки Эрон барои интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон кишвари хуби транзитӣ аст. “Эрон дорои бандарҳои зиёди баҳрӣ буда, молу маҳсулоти Тоҷикистон тариқи онҳо метавонанд ба кишварҳои дигари ҷаҳон интиқол ёбанд”, – изҳор дошт дипломати эронӣ рӯзи 23-юми декабр дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар Душанбе. Собирӣ қайд […]

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бар ин назар аст, ки Эрон барои интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон кишвари хуби транзитӣ аст.

“Эрон дорои бандарҳои зиёди баҳрӣ буда, молу маҳсулоти Тоҷикистон тариқи онҳо метавонанд ба кишварҳои дигари ҷаҳон интиқол ёбанд”, – изҳор дошт дипломати эронӣ рӯзи 23-юми декабр дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар Душанбе.

Собирӣ қайд кардааст, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон пули мустаҳками тиҷоратӣ бунёд шуда, барои сармоягузорони эронӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратии байни ду кишвар муҳити мусоид фароҳам меоварад.

Тобистони соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон аз ӯ имкони истифодаи бандари Чобаҳорро барои транзити молҳои Тоҷикистон дархост кард.

Аввали соли ҷорӣ ба вазифаҳои роҳбарони сафоратҳои Тоҷикистон дар Теҳрон ва Эрон дар Душанбе дипломатҳои соҳибтаҷриба Низомиддин Зоҳидӣ ва Муҳаммадтақӣ Собирӣ таъин шуда, муносибатҳо байни ду кишвар, ки аз соли 2016 ба сардӣ гароида буданд, рӯ ба беҳбудӣ оварданд.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон қариб се баробар – аз ҳудуди 295 млн. доллар дар соли 2013 то ба 97 млн. доллар дар соли 2018 коҳиш ёфт.

Ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо тӯли 11 моҳи соли равон наздики 58 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35% кам шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.