Сокинони Тоҷикистон имрӯз паёми президент ба парлумонро тамошо мекунанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26-уми декабр бо паёми анъанавии ҳамасола ба парлумони ҷумҳурӣ суханронӣ мекунад. Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) дар маҷмааи “Кохи Сомон” баргузор шуда, соати 10:00 оғоз мегардад. Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26-уми декабр бо паёми анъанавии ҳамасола ба парлумони ҷумҳурӣ суханронӣ мекунад.

Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) дар маҷмааи “Кохи Сомон” баргузор шуда, соати 10:00 оғоз мегардад.

Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2020 муайян мешаванд.

Ба ҷуз вакилони парлумон, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳо низ ба “Кохи Сомон” даъват шудаанд.

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радио суханронии президентро ба таври мустақим намоиш додаву мешунавонанд.

Ба чанде аз шабакаҳои мустақили телевизиону радио низ тавсия дода шудааст, ки ироаи паёми сарвари давлатро намоиш додаву шунавонанд.

Ба ҷуз ин, кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар толорҳо мустақиман паёми президентро тамошо мекунанд.

Маъмулан, баъд аз таҷлили Соли нав вакилони парлумон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо бандҳои асосии паёмро тавзеҳ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.