Муҳлати додаи БМТ ба охир расида, одамон пулашонро аз “Золотая корона” гирифта наметавонанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои гирифтани пулҳое, ки тариқи низоми “Золотая корона” интиқол дода шудаанд, ду рӯз – 24-25 декабр муҳлат дод. Вале дар гирифтани пул мизоҷон ба мушкилӣ дучор мешаванд. Як сокини Душанбе, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, изҳор дошт, се ҳафта инҷониб пули тариқи “Золотая корона” фиристодаро гирифта наметавонад ва рӯзи 24-уми […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои гирифтани пулҳое, ки тариқи низоми “Золотая корона” интиқол дода шудаанд, ду рӯз – 24-25 декабр муҳлат дод. Вале дар гирифтани пул мизоҷон ба мушкилӣ дучор мешаванд.

Як сокини Душанбе, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, изҳор дошт, се ҳафта инҷониб пули тариқи “Золотая корона” фиристодаро гирифта наметавонад ва рӯзи 24-уми декабр аз шаш бонк маблағро дастрас карда натавонист. 

Айни замон се низоми пардохт – "Юнистрим", Western Union ва Contact ба Маркази нави миллии протсессингӣ пайваст шудаанд. Дар Бонки миллӣ мегӯянд, ҳамаи онҳо муназзам ва муътадил фаъолият доранд.

“Айни замон ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ва филиалу воҳидҳои зертобеъи онҳо хизматрасонии мизоҷонро ба роҳ мондаанд. Барои интиқоли пул ҳозир ҳеҷ душворие вуҷуд надорад”, – иброз дошт котиби матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Мавҷуда Ҳасанова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.