Донишҷӯ барои куштор 24 сол зиндонӣ шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе донишҷӯйи собиқ Убайдулло Қурбоновро барои куштор ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода иттилоъ дод. 

Убайдулло Қурбонов ва марҳум Дилмурод Фозилов дар мактаби №60-и ноҳияи Сино таҳсил карда, аз замони мактабхонӣ нисбат ба ҳамдигар хусумат доштаанд.

Ҳар ду ба Донишгоҳи давлатии тиҷорат дохил мешаванд. Он рӯз онҳо дар мусофиркаши хурд (микроавтобус) ҳамроҳ ба дарс рафта, миёнашон муноқиша сар задааст. Дар роҳ ба донишгоҳ Убайдулло бо баҳонаи “гап доштан” Фозиловро ба гӯшае бурда, ба қисмати дили ӯ бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа Дилмурод дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад.

Қурбонов дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон боздошт шуд. Нисбат ба ӯ бо моддаҳои 237 (Авбошӣ) ва 102 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда буд.

Дилмурод Фозилови марҳум ягона писари хонадон буд. Падараш чанд сол пеш вафот карда, модараш дар Маркази ҷумҳуриявии солимии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба ҳайси фаррош кор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...