Путин қонуни тасвиби созишнома бо Тоҷикистонро оид ба муҳоҷирон имзо кард

Президенти Русия Владимир Путин қонуни тасвиби созишномаи байниҳукуматиро дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар Русия имзо кардааст. Ин санад дар интернет-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ рӯзи 28-уми декабр нашр шудааст. Ёдовар мешавем, ки созишномаи мазкур 17-уми апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расида буд. Дар он ба мақомоти […]

Президенти Русия Владимир Путин қонуни тасвиби созишномаи байниҳукуматиро дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар Русия имзо кардааст. Ин санад дар интернет-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ рӯзи 28-уми декабр нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи мазкур 17-уми апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расида буд. Дар он ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон воқифсозии аҳолӣ дар ин хусус, интихоби номзадҳои дорои касбу кори мувофиқ, тайёр кардану бозомӯзии номзадҳо, мувофиқаи онҳо бо корфармоён, ташкили сафари онҳо ба ҷойи кор, санҷиш дар масъалаи мавриди пайгарди мақомот қарор надоштан ва уҳдадориҳои дигар вогузор шудааст.

Таъкид мешавад, ки амалисозии тадбирҳои мазкур ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кори муваққатиро дар Русия доранд, имкон фароҳам месозад.

Дар Созишнома шарти ҳатмии иштироки корфармо дар сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар сурати қатъи пеш аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, ҳамчунин анҷоми муҳлати амали иҷозатномаи кор, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки муташаккилона сафарбар мешавад, уҳдадор аст, дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ қаламрави Русияро тарк кунад ва ё бар асоси иҷозатномаи амалкунанда ё дубора ба расмият даровардашуда назди корфармои дигар ба кор дарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.