Донишҷӯ барои куштор 24 сол зиндонӣ шуд

Суди шаҳри Душанбе донишҷӯйи собиқ Убайдулло Қурбоновро барои куштор ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода иттилоъ дод.  Убайдулло Қурбонов ва марҳум Дилмурод Фозилов дар мактаби №60-и ноҳияи Сино таҳсил карда, аз замони мактабхонӣ нисбат ба ҳамдигар хусумат доштаанд. Ҳар ду ба Донишгоҳи давлатии тиҷорат дохил мешаванд. […]

Суди шаҳри Душанбе донишҷӯйи собиқ Убайдулло Қурбоновро барои куштор ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода иттилоъ дод. 

Убайдулло Қурбонов ва марҳум Дилмурод Фозилов дар мактаби №60-и ноҳияи Сино таҳсил карда, аз замони мактабхонӣ нисбат ба ҳамдигар хусумат доштаанд.

Ҳар ду ба Донишгоҳи давлатии тиҷорат дохил мешаванд. Он рӯз онҳо дар мусофиркаши хурд (микроавтобус) ҳамроҳ ба дарс рафта, миёнашон муноқиша сар задааст. Дар роҳ ба донишгоҳ Убайдулло бо баҳонаи “гап доштан” Фозиловро ба гӯшае бурда, ба қисмати дили ӯ бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа Дилмурод дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад.

Қурбонов дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон боздошт шуд. Нисбат ба ӯ бо моддаҳои 237 (Авбошӣ) ва 102 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда буд.

Дилмурод Фозилови марҳум ягона писари хонадон буд. Падараш чанд сол пеш вафот карда, модараш дар Маркази ҷумҳуриявии солимии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба ҳайси фаррош кор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.