Ба беҳбуди идоракунии захираҳои обии Хатлон $53 млн. равона мешавад

Аваз Юлдошев

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба баррасии масъалаи вобаста ба тасдиқи созишномаи қарзӣ аз рӯйи лоиҳаи “Беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон”, ки тобистон ба имзо расида буд, оғоз кард.

Барои татбиқи лоиҳа қарзҳои имтиёзноки Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллар, Бунёди саудии рушд ба маблағи 25 млн. доллар ва ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) дар ҳаҷми 10 млн. доллар ҷалб мешаванд.

Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаи мазкур 3,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ба ақидаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Рустам Латифзода, амалисозии лоиҳа ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мусоидат карда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад.

Муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2025 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...