Ба беҳбуди идоракунии захираҳои обии Хатлон $53 млн. равона мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба баррасии масъалаи вобаста ба тасдиқи созишномаи қарзӣ аз рӯйи лоиҳаи “Беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон”, ки тобистон ба имзо расида буд, оғоз кард. Барои татбиқи лоиҳа қарзҳои имтиёзноки Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллар, Бунёди саудии рушд ба маблағи 25 млн. доллар ва ОПЕК (Созмони кишварҳои […]

Аваз Юлдошев

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба баррасии масъалаи вобаста ба тасдиқи созишномаи қарзӣ аз рӯйи лоиҳаи “Беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон”, ки тобистон ба имзо расида буд, оғоз кард.

Барои татбиқи лоиҳа қарзҳои имтиёзноки Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллар, Бунёди саудии рушд ба маблағи 25 млн. доллар ва ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) дар ҳаҷми 10 млн. доллар ҷалб мешаванд.

Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаи мазкур 3,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ба ақидаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Рустам Латифзода, амалисозии лоиҳа ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мусоидат карда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад.

Муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2025 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.